КВН
Бо дастгирии кормандони мактаб ва шӯбаи маорифи ноҳияи Мақтарал Х . Медилханова , У. Юсупов, муаллими забон ва адабиёти тоҷик Б.Садыков,А. Хидирова дар Таҳсилоти умумии комуналии давлати № 38 ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба "25- солагии Истиқлолият”бори аввал дар байни мактабҳои тоҷиксинф бо иштироки талабаҳои синфи 10-11дар мавзӯӣ(шиорӣ)
"Ағайын туыс кiмде жоқ,
Сыйласпаса жат жуық”
"Ҳалқаи хандаовари Ҳозирҷавоб " 6 май соли 2016 гузаронида шуд. Муофиқи шартҳои Ҳ .Х. Ҳ ба мактабҳое, ки талабаҳояшон иштирок кардаанд, аз тарафи ҳакамҳои мусобиқаи гузашта ба ҷойҳои I - ум талабаҳои мактаби А. Яссавӣ ва А. Рӯдакӣ II -юм талабаҳои мактаби М. Турсунзода ва А. Навоӣ лоиқ донистаанд. Ба онҳо аз тарафи корманди шӯбаи маорифи ноҳия У. Юсупов бо дипломҳо мукофотонида шуд. Ба ин тадбири Ҳ. Х .Ҳ аз тарафи раиси комитаи падару модарон А. Курбанов ба ин чор гурӯҳи соиб диплом бо миқдори 15 ҳазори мукофоти пули дода шуд.
Тарафтори он ҳастам,ки бо дастгирии кормандони рӯзномаи " ОВОЗИ ТОҶИК” дар соли хониши 2016 -2017 бо талабаҳо дар Ҳ. Х. Ҳ иштирок карда истедоди ҷавонони тоҷикро намоён кунад.
Дар ин мавсуми обунашавии рӯзномаҳо бояд ҳар як фарзанди тоҷик, ки аз таърихи худ хабар дорад, ба забону расму русми тоҷики аҳамият дода то имкон ба ин рӯзномаи " ОВОЗИ ТОҶИК”обуна шаванд, ки бояд ба ҳар як саволи худ ҷавоб ёбаанд.
А.Додожанов муаллифи мусобиқаи Ҳ. Х. Ҳ-бе,ки дар байни мактабҳои тоҷиксинф бори аввал ташкил шуд.